18:00 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
108 0 0

Панҷ муҳоҷир аз Тоҷикистон дар паи бархӯрди худравҳои борбари "КамАЗ" ва мусофирбари "Volkswagen Caravelle" дар бузургроҳи Саратов - Нижний Новгород ҷонашонро аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар паи бархӯрди ин ду худрав, ки 30 октябр дар ноҳияи Петровск аз вилояти Саратов рух дод, 11 шаҳрванди Тоҷикистон осеб дид, ки 5 касашон кушта ва 6 касашон захмӣ шудаанд.

"Бино ба додаҳое, ки мо дорем, дар ин бархӯрд 11 кас осеб дида, ки аз онҳо панҷ касашон кушта шуда ва шаш касашон бо захмҳои гуногун дар бемористонҳои ноҳияи Петровск ва шаҳри Саратов бистарӣ шудаанд. Вазъи ин захмишудагон бисёр вахим аст. Пизишкон кӯшиш доранд вазъашонро собит гардонанд то бишавад ҷонашонро аз марг наҷот дод", — гуфт Александр Колоколов, намояндаи Идораи тандурустии вилояти Саратов.

Мусофирбари "Volkswagen Caravelle" ва "КамАЗ" дишаб, соати тақрибан 23 дар 558-умин килуметр аз бузургроҳи Саратов — Нижний Новгород бархӯрд кардаанд. Пулиси роҳнамоӣ аз панҷ куштаву шаш захмӣ дар ин бархӯрд гузориш додааст. Бино ба иттилоъи Созмони умури изтирории Саратов, ҳама кушташудагону захмишудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Бино ба иттилоъи пулиси роҳнамоӣ, гунаҳкори бархӯрд ронандаи 28-солаи КамАЗ аст, ки роҳро барои мусофирбар озод кардаанд. Пулис ин қазияро пайгирӣ дорад.

Мавзуъ

Садамаи нақлиётӣ дар Конибодом: ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид
Ронандаи садамаи вилояти Владимир дастгир шуд
Ҳувияти 14 қурбонии садамаи вилояти Владимир муаяйн шуд
Барчаспҳо:
Саратов-Нижний Новгород, бархӯрди худравҳо, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ