20:43 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Худрави пулиси Амрико

Сайфулло ҳашт касро дар Ню-Йорк кушт ва 11 тани дигарро захмӣ кард

© Sputnik / Дмитрий Горностаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
112601

Ронандаи боркаш чанде аз кӯчаҳоро убур карда дучархасаворонро пахш карду саранҷом ба автобуси мактабӣ бархӯрд

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Ронандаи боркаш, ки дар шаҳри Ню-Йорк мардумро пахш кард, аз Узбакистон будааст.

Дар ин бора шабакаи CNN бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад.

Тибқи иттлоъи ин шабака Сайфулло Саипов соли 2010 ба ИМА омадаааст. Қайд мешавад, ки вақтҳои охир ин марди 29-сола дар иёлоти Флорида ба сар мебурдааст.

Ба гузаориши пулиси Ню-Йорк боркаш нахуст ба роҳи дучархасаворон-ҷанубу-шарқии ноҳияи Манхэттен баромада, дучархасаворонро пахш кардаву саранҷом ба автобуси мактабӣ бархӯрдааст.

Пасон бо таппонча аз дохили боркаш берун баромадаасту дар ҳамин ҳол пулис ӯро паррондааст. Пас аз захмб шуданаш гумонбарро ба бемористон бурдаанд.

То ҳоли ҳозир беш аз ҳашт кас дар паи ин ҳамла ҳалок шудаву 11 тани дигар ҷароҳат бардошт. Шаҳрдори Ню-Йорк Билл Де Блазио ин ҳодисаро ҳамлаи терруристӣ унвон кард.

Ба иттилоъи шабакаи CBS News ронанда дар ширкати Uber фаъолият мекардааст.

Намоянагони ин ширкат дар суҳбат бо шабака тасдиқ кардаанд, ки ин нафар дар воқеъ корманди ширкати Uber будааст.

Ба гузориши расонаҳои амрикоӣ Сайфуллои 29-сола дар худраваш номаеро мондааст, ки дар он гуфта мешавад, ки ин ҳамла аз номи "Давлати Исломӣ" (мамнӯъшуда Дар Тоҷикистон) ташкил шудааст.

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп гуфтааст, ки дар тафтишоти ин ҳодиса пулисро дастгирӣ хоҳад кард.

"Дастгоҳи ман барои тафтишоти ин қазия кумак хоҳад кард, аз ҷумла тафтишот ҳамроҳ бо ФБР", — менависад хабаргузории РИА Новости аз қавли Доналд Трамп.

Барчаспҳо:
ҳамлаи терруристӣ, инфиҷор, Давлати Исломӣ, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ