03:39 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Таджикский национальный университет. Архивное фото

Арӯсии иҷборӣ: донишҷӯ нахост арӯс шаваду худкушӣ кард

© Sputnik
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
195 0 0

Ҳамдонишгоҳиёнаш бар ин боваранд, ки ин донишҷӯдухтар нахоста ҳамсари ҷавоне шавад, ки падару модараш номзадаш карда буданд.

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Донишҷӯи соли дувуми донишкадаи зистшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зоҳирамоҳ Холбоева худро аз ошёни чаҳорум поин андохта худкушӣ кардааст, гузориш медиҳад хабаргузории "ТоҷикТА". 

Яке аз ҳамдонишгоҳиёнаш гуфта, ки ин донишҷӯдухтар нахоста ҳамсари ҷавоне шавад, ки падару модараш номзадаш карда буданд.

Ин донишҷӯён гуфтаанд, ки Зоҳирамоҳ хуб таҳсил мекард ва узви дастаи ҳаваскорони донишгоҳ низ буд.

Зоҳирамоҳ Холбоева аз шаҳри Истаравшан буда ва ӯро 11 ноябр дар зодгоҳаш ба хок супурдаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин қазияро бозҷӯӣ дорад, вале то кунун шарҳу тавзеҳе дар ин бора мунтариш накардааст.

Чанде пеш аз ин Тоҳир Ҳабибов ном ҷавоне, ки дар яке аз воҳидҳои Вазорати дифоъ дар Кӯлоб сарбозӣ мекард, бо истифода аз силоҳи "Калашников" худкушӣ карда буд.

Додситонии низомии Тоҷикистон барои бозҷӯии шароити ин худкушӣ парванда оғоз карда ва коргурӯҳи бозҷуст ташкил карда буд.

Бино ба додаҳои коргурӯҳи бозҷуст, ин сарбоз пеш аз худкушӣ бо духтари дӯстдоштааш телефонӣ гуфтугӯ кардаву донидааст, ки вай дигар касро шавҳар мекунад. Ҳамин шикаст ангезаи худкушии Ҳабибов шудааст.

Ҳамхидматонаш гуфтаанд, ки Тоҳир бо онҳо муносибати нек дошт ва ҳама дастурҳоу фармондеҳонро бе каму кост иҷро мекард.

Аммо хешовандони Тоҳир ин фарзияро радд карда буданд ва гуфтанд ӯ ҳеч дӯстдухтаре надошта, ки аз барояш худкушӣ кунад.

Мавзуъ

Муҷрии машҳури барномаҳои телевизионӣ Борис Ноткин худкушӣ кард
Сарбози Вазорати дифоъи Тоҷикистон худкушӣ кард
Як зани суғдӣ дар рӯзи иди Рамазон худкушӣ кард
Барои чӣ узбекҳо ва қирғизон дар Туркия худкушӣ мекунанд
Барчаспҳо:
донишҷӯдухтар, худкушӣ, Зоҳирамоҳ Холбоева, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ