ВУД: шустушӯи худрав дар ҳолати мастӣ ба фоҷиа анҷомид

© Стас ЭтвешМашина скорой помощи в России, архивное фото
Машина скорой помощи в России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Изатулло Давлатов дар ҳолати мастӣ хост автомашинаи бародарашро бишӯяд. Ҳангоми шустушӯ худрав ногаҳон ба қафо ҳаракат мекунад ва кӯдаки дусоларо пахш мекунад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар ноҳияи Восеъ марде дар ҳолати мастӣ ҳангоми шустани мошин фарзанди хурдссоли худро пахш кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 20-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 15:50-дақиқа, Иззатулло Давлатови 32-сола, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Восеъ, дар ҳолати мастӣ  мехост дар манзили истиқоматиашон худрави бародарашро шустушӯ кунад.

кулак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мастӣ ба пастӣ: ҷавони 30-сола дар ҳолати мастӣ ҷияни 11-солаашро куштааст

Гуфта мешавад, дар ҳамин вақт автомашина ногаҳон ба қафо ҳаракат мекунад ва кӯдаки 2-солаи Давлтовро пахш мекунад.

Дар натиҷа кӯдаки  хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Вазорат гуфтааст, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0