13:52 27 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
589 0 0

Гумонбаршуда пас аз пахш кардани роҳгузар, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Тафтишот муайн кард, ки зан дар ҳолати мастӣ бидуни шаҳодатнома ронандагӣ воситаи нақлиётро идора мекард

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш дод, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ як зани ронандаи маст, роҳгузареро пахш карда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ба ҳалокат расидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, гумонбари ҳодиса зани 47-солаи сокини ноҳияи Восеъ Лолагул Холиқова 1-уми ноябри соли равон, тахминан соатҳои 23:40 бо худрави "Опел Астра" дар ҳолати сархушӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавониста, дар ҳудуди деҳаи Конститутсияи ноҳияи Рӯдакӣ сокини ҳамин ноҳия — ҷавони 35-сола Сафаралӣ Розиқовро пахш мекунад.

Гуфта мешавад, Розиқов дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад, ронанда аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Кормандони милиса Лолагул Холиқоваро дастгир кардаанд. ВУД меафзояд бо далели мазкур тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
дар ҳолати мастӣ, куштор, зан, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ