03:57 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Шамъ. Акс аз бойгонӣ

Ҳалокати писари раиси дастгоҳи президент

© Sputnik / Сергей Мальгавко
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
91501

Писари раиси пешини дастгоҳи президент дар паи сарозершавӣ аз ошёнаи 15-ум ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ҳодиса шаби 24 декабр ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя ба Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.

"Мо ҳалокати Асилбек Мусин-писари раиси пешини дастгоҳи раисҷумҳури Қазоқистонро дар пойтахти Латвия шаҳри Рига таъйид мекунем. Ҷузъиёти ин қазия дар замони наздик муайян мешавад", —гуфтааст як манбаъ аз ВУХ.

Шаҳри Шанхай
© Sputnik / Екатерина Чеснокова

Дар баробари ин қайд мешавад, ки намояндаи Қазоқистон дар Латвия дар ҳамроҳӣ бо кормандони мақомоти қудратии ин кишвар барои муайян кардани шахсияти ҳалокшуда чорабиниҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд.

Пештар хабари ҳалокати Муҳсин дар интернет паҳн шуда буд. Тибқи додаҳо писари раиси пешини дастгоҳи раисҷумҳур шаби 24 декабр дар паи сарозер шудан аз ошёнаи 15-ум ба ҳалокат расидааст.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин ҳалокатро худкушӣ гуфтаанд, чун ду моҳ пеш аз ҳамон тиреза ҳамсари кушташуда худро аз тиреза сарозер карда будааст.

ВУХ дар ин бора хабаре надодааст.

Асилбек Мусинро дар Қазоқистон чун қории Қуръон мешиносанд. Ӯ наворҳои зиёдеро дар мавзӯъи дини Ислом дар интернет мунташир кардааст.

Падари Асилбек Мусин-Аслан Мусин-аз соли 2008 то 2012 раҳбари дастгоҳи раисҷумҳури Қазоқистон будааст. Моҳи марти соли 2014 ӯ сафири Қазоқистон дар Хорватия таъин шудааст.

Соли 2017 бошад ба далели бознишастагӣ аз вазифааш озод шудааст.

Барчаспҳо:
сарозершавӣ, ҳалокат, Асилбек Мусин, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ