Ҳамдардии ВКД бо хонаводаи Камолиддин Ҳукуматзода

Обуна шудан
Афсари милиса Камолиддин Ҳукуматзода 15-уми январ дар шаҳри Душанбе зери чархи худрави ронандаи сархуш ҷон бохтааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар номае ҳамдардии худро бо хонаводаи меҳ-устувон Камолиддин Ҳукуматзода, бозраси калони дастаи вижаи гурӯҳони хадамоти роҳбонии БДА ВУД ҶТ, изҳор кард.

Дар ин таслиятнома, ки аз номи роҳбар ва кормандони Вазорати умури дохила дар вебгоҳи расмиаш мунташир шудааст, гуфта мешавад, ки Камолиддин Ҳукуматзода шаби 15 январ ҳангоми анҷоми вазифа дар кӯчаи Ҷаббор Расулов дар паи боз истондани худрави “Опел-Астра”, ки ронандааш сархуш будааст, аз пой афтонда ва кушта шудааст.

Гуфта мешавад, он шаб роҳбонҳои БДА дар назди пули маҳаллаи 103-юми шаҳри Душанбе як худрави "Опел-Астра”-ро боз истонидан хостаанд. Вале ронанда – Отабек Ашӯров ном ҷавони 23-сола, сар аз амри кормандони милиса печида ва худравро ба сӯи Камолиддин Ҳукуматов рондааст. Ин афсари 32-сола аз захмҳои ҷонкоҳе, ки дар ин ҳодиса бардоштааст, ҷонашро дар ҷо аз даст додааст.

Отабек Ашӯров дертар дастгир карда шудааст. Ташхиси пизишкӣ ошкор карда, ки ӯ ҳангоми сар задани ин ҳодиса аз истеъмоли маводи мухаддир масту сархуш будааст.

Лентаи хабарҳо
0