00:09 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Сгоревший в Казахстане пассажирский автобус

Автобусе бо муҳоҷирон дар Қазоқистон оташ гирифт: 52 кас кушта шуд

© instagram / askar_aktileu
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
182 0 0

Беш аз 50 шаҳрванди Узбакистон дар паи оташ гирифтани автобусашон дар вилояти Оқтеппа осеб дид

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Автобусе, ки 57 муҳоҷирро аз Русия ба Узбакистон мебурд, дар вилояти Оқтеппа оташ гирифт, гуфт сухангӯи Кумитаи авзоъи изтирории ВУД Қазоқистон Руслан Имонқулов ба Sputnik.

“Дар ин сӯхтор, ки 18 январ дар 1068-умин килуметри бузургроҳи Самара – Чимканд дар ноҳияи Иргиз дар 10-килуметрии деҳаи Қолибой рух додааст, 52 мусофир кушта шуд”, — гуфт вай.

Имонқулов афзуд, кормандони КАИ ВУД Қазоқистон панҷ мусофиреро, ки аз ин сӯхтор ҷон ба саломат бурдаанд, ёрии аввалия расонда ва ба бемористон бурдаанд.

Кормандони пулис, наҷотдиҳандагон, пизишкон ва равоншиносон дар маҳалли ҳодиса кор мекунанд, гуфт вай.

Мавзуъ

Панҷ муҳоҷири тоҷик дар Русия кушта шуданд
Кушта шудани ҳафт муҳоҷири узбак дар сӯхтор
Барчаспҳо:
сӯхтор, муҳоҷирон, кушта шудани муҳоҷирони узбак дар сӯхтори автобус дар Қазоқистон, Узбакистон, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ