06:01 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Просмотр на экране как правоохранительные органы производят следственную работы с задержанным членом террористической организации

ВУД аз боздошти се "рекет" - ҳаммаслакони Алии Бедакӣ ва муллои “занакбоз” хабар дод (НАВОР)

Sputnik
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
762 0 0

Се тан аз собиқ гурӯҳи терррористии Алии Бедакӣ пас аз 20 соли даст задан ба ҷинояти куштор дастгир шуданд. ВУД мегӯяд, як нафар ба ном мулло дар шаҳри Душанбе бо баҳонаи тӯмор ва таштоб ба занони корафтода кирдорҳои бадахлоқонаро раво медидаст

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар барномаи "Сипар"-и Вазорати умури дохилаи Тоҷикиситон, ки ҳар ҳафта рӯзи чаҳоршанбе аз Телевизиони "Тоҷикистон" мунташир мешавад, аз чанд ҷинояти ошкоршуда хабар дода шуд.

Чунончӣ, мақомотҳои корҳои дохила ҷиноятҳои дар солҳои пеш содиршударо ошкор карданд. Бино бар иттилои манбаъ, милиса  се нафар аъзои собиқ гурӯҳи ғайриқонунии террориристиро дастгир кардааст, ки онҳо дар солҳои охири 90-ум  бо роҳбарии Аловуддин Давлатов бо тазхаллуси Алии Бедакӣ дар минтақаи Рашт даст ба  куштор, ғоратгарӣ, тамаъҷӯӣ ва дуздӣ мезадаанд.

"Шуъбаи кофтукови ҷиноятии ВУД дар минтақа ва ноҳияи Рашт се нафар аъзои гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳи ҷиноятпешаи Давлатов Аловуддин, ки дар минтақаи Рашт аз ӯ Алии Бедакӣ ном мебурданд, дастгир карданд,- омадааст дар ахбор.

Ҳамин тавр, Ятимов Мадад Искандарович, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Душанбе, Абдураҳмонов Сайидраҳмон, соли таваллудаш 1961, сокини деҳаи Белгии Рашт ва Қаҳҳоров Иброҳим, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Рашт дар кушторе гунаҳкор мешавнд, ки соли 1998 содир гашта буд.

"Ин се нафар дар солҳои 1998 то лаҳзаи парокандасозиашон дидбонгоҳҳои ғайриқонунӣ ташкил карда, ба корҳои ғоратгарӣ ва тамаъҷӯӣ даст заданд. Онҳо барои соҳиб шудан ба чорвои зиёд  мудири фермаи чорводориро таҳти шиканҷа қарор дода  ба ҳалокат расонидаанд",- афзуд ниҳод.

Ҷиноятпешаҳо ба гуноҳи содиркардаашон иқрор шуда, нисбати онҳо тибқи талаботи  моддаи 104-уми кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷинобӣ боз шуда, тафтишот идома доштааст.

Бино бар иттилои ВУД, ҳамчунин як  сокини 71-солаи шаҳри Душанбе- Сангинов Бобоҷон, ба ном мулло дастгир гардидааст, ки бо баҳонаи дуохонӣ ва додани тумору таштоб ба боварии мардум, аз ҷумла  занон даромада, аз онҳо маблағ меситонадааст. "Мулло" ҳамчунин нисбат  ба занон кирдорҳои бадахлоқонаро  раво медидааст.

 "Дар рафти тафтиш маълум шуд, ки тумору  таштоби  аз тарафи Бобоҷон Сангинов навишташуда  ба ягон оятҳои Қуръон мансуб намебошанд",- гуфта мешавад дар ахбори ВУД.

Айни ҳол нисбати гумонбаршуда корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Барчаспҳо:
куштор, ахбор, боздошт, ВУД, мулло, терорист, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ