04:59 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Таппонча. Акс аз бойгонӣ

Милисае дар Исфара худро паррондааст

ЦОС ФСБ РФ
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
429 0 0

Як корманди милисаи шаҳри Исфара ба сараш тир холӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар ин бора расонаҳои тоҷикӣ бо такя ба манбаъ дар ВКД вилояти Суғд хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки корманди шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара дар бинои шуъба худро парронидааст.

Ин ҳодиса рӯзи 20 январ ба вуқӯъ пайвастааст.

"Корманди 30-солаи фаврии шуъбаи кофтукови ҷиноятии ШВКД-1 шаҳри Исфара дар бинои шуъба, дар кабинети кориаш худро парронид. Ӯ ба сараш тир холӣ кардааст. Айни замон корманд дар шуъбаи эҳёгарии бемористон дар ҳолати вазнин қарор дорад", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар ҳоли ҳозир сабабҳои ба ин амал даст задани кормнади милитсия таҳқиқ мешавад.

Барчаспҳо:
ба сари худ парронидан, ВКД-и Тоҷикистон, Исфара, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ