12:44 28 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1150 0 0

Пас аз ташхис муайян шудааст, ки сӯзанҳо дар бадани ин кӯдак дар муддати як якуним моҳ будааст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Пизишкон дар Фарғона аз бадани кӯдакуи 11-моҳа 16 сӯзан ёфтанд. Гуфта мешавад, ки ин сӯзанҳо наздики як моҳ дар бадани кӯдак будаанд.

Сӯзанҳоро дар бадани кӯдак дар ҳоле ёфтанд, ки модараш ба бемористон муроҷиат карду ӯро ташхис намуданд. Кӯдакро пас аз ташхис дар Маркази ҷумҳуриявии ёрии таъҷилӣ даррав ҷарроҳӣ карданд.

Дар муддати нӯҳ соати ҷарроҳӣ аз бадани кӯдак 13 сӯзан бароварда шуд.

Бо дарназардошти синну соли кӯдак сӯзанҳои дигарро дар ҷарроҳии оянда хоҳанд баровард. Дар ҳоли ҳозир кӯдак дар Шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад.

Пас аз ташхис муайян шудааст, ки сӯзанҳо дар бадани ин кӯдак дар муддати як якуним моҳ будааст.

Нашрияи kun.uz аз қавли раҳбари шӯъбаи кӯдаконаи бемористони марказӣ, профессор Ҳабибулло Акимов мегӯяд, ки чун сӯзанҳо дар қисмҳои гуногуни бадани кӯдак ҷойгир шудаанд, бармеояд, ки кӯдак худ 16 сӯзанро фурӯ набурдааст.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз карда тафтишотро идома дода истодаанд.

Барчаспҳо:
16 сӯзан, кӯдаки 11-моҳа, сӯзанҳо, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ