Ҳамла ба Донишгоҳи низомии маршал Фаҳим дар Кобул

© AFP 2023 / TARIQ MAHMOODСкорая помощь в Афганистане, архивное фото
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз чанд ҷангҷӯ ба яке аз гурдонҳои лашкари 111 дар наздикии Донишгоҳи низомии маршал Муҳаммадқасим Фаҳим ҳамла карданд

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Гурӯҳе номаълум дар пойтахти Афғонистон — шаҳри Кобул ба Донишгоҳи низомии маршал Муҳаммадқасим Фаҳим ҳамла кардааст. Дар ҳоли ҳозир тирпаронӣ идома дораду садои инфиҷор дар наздикии ин макон шунида мешавад.

Дар ин бора шабакаи Tolo News хабар медиҳад.

Ҳукумати Афғонистон тасдиқ карданд, ки дар воқеъ субҳи рӯзи душанбе, 29 январ гурӯҳи мусаллаҳи номаълуме ба Донишгоҳи низомии маршал Муҳаммадқасим Фаҳим ҳамла кард.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ

Бино ба иттилоъи шабака, амниятиҳо роҳеро, ки ба Академия мебарад бастанд.

Хабаргузории "Пажвок" бо истинод ба Вазорати дифоъ хабар медиҳад, ки дар паи ин ҳамла 5 сарбоз кушта ва даҳҳо кас захмӣ шудааст.

Ба иттилоъи ин хабаргузорӣ гурӯҳи мусаллаҳ аз панҷ кас иборат будааст. Дар паи тирпарронӣ се тан аз онҳо аз ҷониби амниятиҳо безарар гардонида шуда, яке боздошт шудааст.

Дар ҳоли ҳозир нафари панҷум муқовимати мусаллаҳонаро идома дода истодааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар инфиҷори рӯзи 27-уми январ дар як маҳалли серодами Кобул 95 нафар кушта ва 158 тани дигар захмӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0