Тарма роҳҳоро дар Бадахшон баст

© Фото : Аз саҳифаи Нилуфар АсламшоеваБарф дар ВМКБ
Барф дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар роҳи самти Хоруғ –Мурғоб дар километри 622-юм- мавзеи Бидурд, километри 633-юм-мавзеи Ригӯвев, километри 638-ум ҳудуди деҳаи Барсем тарма фаромада, ҳаракати нақлиёт дар ин самт катъ гардидааст

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Бар асари боришоти шабонарӯзӣ охир дар ҳудуди ВМКБ фаромадани тармаҳои гуногунҳаҷм ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад сухангӯи раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нилуфар Асламшоева.

Мувофиқи иттилои муовини аввали сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда Гулша Насуллоев то соати 9:30-и субҳи 15 феврал дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма-Қароқурум дар километри 344-уми роҳи самти Хоруғ-Душанбе дар деҳаи Ёгед, километри 489-уми байни деҳаҳои Деҳ ва Шипад, мавзеи Қалот, километрхои 564-565, 573-и ҳудуди ҷамоати деҳоти Пастхуф фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.

Дар мавзеи Қалот тарма пурра тоза карда шуда, дар дигар мавзеъҳо корҳои роҳтозакунӣ давом дорад.

Дар роҳи самти Хоруғ –Мурғоб дар километри 622-юм- мавзеи Бидурд, километри 633-юм-мавзеи Ригӯвев, километри 638-ум ҳудуди деҳаи Барсем тарма фаромада, ҳаракати нақлиёт дар ин самт катъ гардидааст.

Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси ВМКБ: вазъи саломатии сокинони Ишкошим нигаронкунанда аст

Ҳамчунин дар роҳи самти Хоруғ-Ишкошим дар километрҳои 31-35, мавзеи Баржири ҳудуди ҷамоати Аскар Замиров тарма фаромада, ҳаракати нақлиёт дар ин самт низ катъ шудааст.

Гулаёз Рамазонов-сардори Муассисаи нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят иттилоъ дод, ки дар тамоми мавзеъҳои номбаршуда техникаҳои роҳнигоҳдорӣ кор карда, барои дар фурсати кӯоҳтарин тоза намудани тарма ва таъмини ҳаракати мунтазам наклиёт саъй доранд.

Яке аз мавзеъҳои дигаре, ки зери назорати катъии роҳбарияти вилоят карор дорад, ин ағбаи Куйтезак аст, ки нигоҳдории он дар мавсими имсола ба зиммаи КВД "Бадахшонрохсоз" вогузор гардидааст.

© Фото : Аз саҳифаи Нилуфар АсламшоеваБарф дар ВМКБ
Барф дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
1/2
Барф дар ВМКБ
© Фото : Аз саҳифаи Нилуфар АсламшоеваБарф дар ВМКБ
Барф дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
2/2
Барф дар ВМКБ
1/2
Барф дар ВМКБ
2/2
Барф дар ВМКБ

Аз рӯи маълумоти роҳбари муассисаи мазкур Далер Муқарамшоев айни ҳол дар ин мавзеъ роҳ кушода буда, барои дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани он ва ҳаракати мунтазами нақлиёт тавассути ағбаи Куйтезак техникаи роҳнигоҳдорӣ пурра омода аст.

Бо дастури раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ситоди доимоамалкунанда таҳти роҳбарии муовини аввали раиси вилоят Нуралӣ Риоев таъсис дода шуда, дар мавзеъҳои хавноке, ки эҳтимолияти фаромадани тарма аст, дар ҳолати омодагӣ нигоҳ доштани техникаҳои роҳнигоҳдорӣ тавсия дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0