02:26 21 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Роҳ, акс аз бойгонӣ

Донишҷӯ зери чархи ронандаи ҷавон ҷон бохт

© Фото : CC0 / Rico_Loeb
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
98 0 0

Ронандаи ҷавон аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавониста, Олимҷон Нодировро пахш кардааст. Дар натиҷа донишҷӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар Душанбе як донишҷӯ зери чархи ронандаи ҷавон монда, кушта шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи гузашта, 5-уми март рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Шагнам", Комилҷон Пиров, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе, дар сероҳҳаи кӯчаи Қаҳҳоров аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард,  Олимҷон Нодирови 20-соларо пахш кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Олимҷон Нодиров, донишҷӯи соли 4-уми Коллеҷи "Информатика ва техникаи компютерӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ буд.

Дар натиҷа, донишҷӯи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаи нохуҳ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
донишҷӯ, садама, ВУД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ