Ҳавопаймои Русия дар Сурия сарнагун шуд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкМеждународный авиационно-космический салон МАКС-2017, архивное фото
Международный авиационно-космический салон МАКС-2017, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавопаймои таробарии Ан-26 ҳангоми нишаст дар пойгоҳи низомии “Ҳмеймим” дар Сурия дучори сонеҳа шудааст

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Вазорати дифоъи Русия аз сарнагунии ҳавопаймои таробарии русӣ ҳангоми нишаст дар пойгоҳи низомии “Ҳмеймим” дар Сурия хабар дод.

Дар ин рухдод ҳама сарнишинҳои ин ҳавопаймо кушта шуданд, эълом кардааст Вазорати дифоъ.

Ин ҳавопаймо 6 халабон ва 26 мусофир дошта, ки ҳама дар ин пешомад ҷон бохтаанд.

Вазорати дифоъ гуфта, ки ҳавопаймо ҳангоми нишаст дар наздикии пойгоҳи низомии “Ҳмеймим” дучори сонеҳа шудааст. Далели ин сонеҳа “камбуди фаннӣ” дониста шудааст.

Лентаи хабарҳо
0