12:43 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Кӯдаки хурдсол, акс аз бойгонӣ

Кӯдакони худро эҳтиёт кунед: ҳалокати духтарчаи 5-сола зери чархи “ГАЗ-52” дар Кӯлоб

© Flickr/ Stephan Hochhaus
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Як духтаракаи панҷсола дар шаҳри Кӯлоб зери чархи мошин монда, ба ҳалокат расид, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, 26-уми марти соли равон, тахминан соати 09:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "ГАЗ-52", Раҳмонов Зафар Хизиралиевич, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба тарафи деҳаи Лағмони шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадаааст.

Муттаҳам пиёдагарди хурдсол, Латифова Сафия Зарифовна, соли таваллудаш 2013, сокини деҳаи Навобод, ки роҳи мазкурро аз тарафи рост ба тарафи чап давида мегузашт, пахш намудааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Барчаспҳо:
роҳ, ронанда, кӯдак, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ