08:24 18 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
57 0 0

Духтаре аз тирезаи хонаи ошёнаи панҷум дар Узбакистон сарозер шудаву аз ҷароҳатҳои бардошта, дар макони ҳодиса ҷон дод

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар шаҳри Урганҷи Узбакистон рӯзи 16-уми апрел духтари ҷавоне дар ҳолати мастӣ аз тирезаи ошёнаи панҷум афтодааст, хабар медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба ВКД-и ҷумҳурӣ.

"Соати 02:15 дақиқаи шаб, шаҳрванд М. Ахмадова, соли таваллудаш 1985, ҳангоми меҳмонӣ дар хонаи шиносаш Б. Салаев, соли таваллудаш 1975, ки дар кӯчаи А.Баҳодирхон истиқомат мекунад, дар ҳолати мастӣ аз балкони ошёнаи панҷуми ин бино афтодааст", — омадааст дар хабарномаи ВКД Узбакистон.

Аз ҷароҳатҳои бардошта, духтар дар ҷои ҳодиса фавтидааст. 

Пештар дар ноҳияи Чироғчии вилояти Қашқадарёии Узбакистон парастори ёрии таъҷилии тиббӣ бачаи 14-солаеро то мурдан латукӯб карда буд.

Ҳодиса рӯзи шанбе, 14 апрел рух дод. Байни парастор ва талабаи 14-сола муноқиша бархост, ки дар рафти он коркуни ёрии таъҷилӣ бачаро чунон латукӯб карда буд, ки ӯ аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошташуда ба ҳалокат расид.

Барчаспҳо:
сарозер шудан, ҳалокат, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ