07:51 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
38 0 0

Дар натиҷаи ҳамлаи аксуламали фаврӣ 15 ҷангӣ, аз ҷумла фармондеҳи онҳо Муҳаммад Амин кушта шуда, панҷ нафари дигар захмӣ гардидаанд

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Нӯҳ низомии афғон кушта шуда, 15 сарбози дигараш дар натиҷаи ҳамлаи ҷангиёни ҳаракати тундгарои "Толибон" ба посгоҳҳои артиш дар шимоли Афғонистон ҷароҳат бардоштаанд, иттилоъ медиҳад шабакаи 1TV бо истинод ба сарвари вилояти Фарйоб Муҳаммад Солеҳ Солеҳ.

Мувофиқи маълумоти ин шабака, ҳамла шаби панҷшанбе рух дода, муқобилият ҳашт соат давом кардааст.

Чӣ тавре, ки хадамоти матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар хабар медиҳад, дар натиҷаи ҳамлаи аксуламали фаврӣ 15 ҷангӣ кушта шудааст. Илова бар ин, тибқи иттилои пулиси вилоят, дар байни ҷангиёни кушташуда фармондеҳи онҳо Муҳаммад Амин низ будааст.

Пештар ҷангҷӯёни ҳаракати тундгарои "Толибон" (мамнӯъ дар ҶТ) оғози мавсими баҳории ҳарсолаи амалиёти ҳарбӣ дар Афғонистонро, эълон кардаанд.

Ин маърака ба худ номи "Ал-Хандақ"-ро гирифта буд — ба муносибати муҳорибаи таърихӣ дар наздикии ҳандақи ҳамном, ки дар он паёмбар Муҳаммад амр дода буд то хандақе барои муҳофизати шаҳри Мадина, канда шавад.

Тавре ки худи толибон эълом доштанд, ин як посухест ба сиёсати низомии таҳоҷумии ИМА, ки соли гузашта бо ҳадафи маҷбур сохтани ҷангиён ба музокироти сулҳ, оғоз шуда буд.

Барчаспҳо:
ҳалокати 15 низомӣ, гурӯҳи террористии "Толибон", Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ