Ронанадаи "Лексус -570" апаву хоҳареро пахш кард

Обуна шудан
Дар натиҷа пиёдагардон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, мутаассифона яке аз онҳо ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ронандаи  "Лексус —570" апаву хоҳареро пахш кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии Раёсати ВУД дар Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ, 26-уми апрели соли равон, тахминан соати 12:30 ронандаи "Лексус-570", Ҷамшед  Назимови 47-cола сокини кӯчаи Сари Осиёи ноҳияи Шоҳмансур аз ӯҳдаи идораи худрав набаромада, ба садама дучор шудааст.

"Вай ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Дӯстии Халқҳо ба самти кӯчаи Қаротегин, дар кӯчаи Айнии пойтахт аз ду зани пиёдагардро пахш кардааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамин тавр, пиёдагардон Ашурбекова Оиша Манзаршоевна, соли таваллудаш 1969, зодаи ноҳияи Роштқалъа, муваққатан сокини Душанбе ва Ашурбекова Саодатбахш Манзаршоевна, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанберо  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мутаасифона Оиша Ашурбекова дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 

Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0