Ҳалокати пиёдагард дар паи садама дар шаҳри Хоруғ

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкАвтомобили на проезжей части, архивное фото
Автомобили на проезжей части, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Хоруғ, ҷавони 28 сола марди 32-солаеро пахш карда ба ҳалокат расонидааст

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Дар паи садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Хоруғ як мард кушта шуд, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати корҳои дохилии Тиҷикистон.

Ба гузоршии манбаъ, рӯзи 3-юми май, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи "ВАЗ-21010", Карамхудоев Чоршанбе, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат аз самти маҳаллаи Тем ба самти маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри мазкур, дар назди қаҳвахонаи "Ветерок", аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард, Қуватбеков Некрӯз, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Шуғнонро пахш кардааст.

"Дар натиҷа, пиёдагард, Қуватбеков Некрӯз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", —омадааст дар хабарнома.

Пас аз пахши пиёдагард, ронанда ҳаракатро идома дода, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи Хумориков Наврас Давлатёрович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Шуғнон, бархӯрдааст.

Манбаъ афзуда, ки ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0