06:37 23 майи 2018
Пахши мустақим
Карусел. Акс аз бойгонӣ

Ҳалокати кӯдаки 11 сола ҳангоми саворӣ дар карусел

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
366 0 0

Дар боғи "Анхор-Локомотив" Тошканд писарбачае аз ҳуш рафту ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Рӯзи шанбе, писарбачае дар карусели баландтарини "Небоскреб" (Осмонбус) аз ҳуш рафту ҷон бохт, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Ҳодиса рӯзи шанбе, 12 май, соати 10 шаб ба вуқӯъ пайвастааст. Кормандони боғ кӯдаки 11-соларо дар ҳолати беҳушӣ ёфтанд.

Ба ҷои ҳодиса ёрии таъҷилӣ ҳози шуда, ба кӯдак ёрии аввалини тиббӣ расонида шуд. Пасон кӯдакро ба беморхрона бураанд.

"Соати 22:00 кӯдак ҳамроҳи ҳамшираи шавқати боғ ба беморхонаи рақами 1 шаҳрӣ оварда шудааст. Вале кӯдак дар роҳ ҷон бохт", —хабар медиҳад хадамоти матбуотии боғ.

Эҳтимол, кӯдак аз тарс вафот кардааст, чун карусели "Небоскреб" яке аз ваҳмангезтарин дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Раҳбарияти боғ бо хонаводаи кӯдак ҳамдардӣ кардааст. Ҳамчунин хабар дода шуд, ки рӯзҳои 13 ва 14 май ҳама гуна барномаҳои дилхушӣ дар боғ манъ карда шуданд.

Барчаспҳо:
ҳалокати кӯдаки 11сола, Тошканд, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ