02:12 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Дар минтақаи Дейр-эз-Зори Сурия батареяи артилерии қушунҳои давлатии Сурияро чанд гурӯҳҳои мобилии террористӣ таҳти ҳамлаву тирборон қарор доданд

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Чаҳор низомиёни руссиягӣ дар Сурия ҳангоми ҳамлаву тирборони ҷангиён ба қатл расиданд, гуфта мешавад дар хабарнома Вазорати дифоъи ФР.

"Дар Ҷумҳурии Сурияи Араб ҳангоми тирборони ҷангиён, низомиёни рус ба ҳалокат расиданд… Батареяи артилерии қушунҳои давлатии Сурия, ки дар вилояти Дейр эз-Зори ин кишвар ҷойгир аст, мавриди ҳамлаи чанд гурӯҳчаҳои террористии мобилӣ қарор гирифт. Ҳангоми ин ҳамла, ки вақти торикии шаб сурат гирифта буд, ду мушовири низомии Русия, ки амалиёти артиши Сурияро ба роҳ мемонданд, дар маконҳояшон кушта шуданд. Боз панҷ низомиёни Русия ҷароҳат бардошта, фавран ба беморхонаи низомии Русия интиқол ёфтанд", — овардаанд дар иттилоъ.

Чӣ тавре, ки дар гузориш гуфта мешавад, табибони низомӣ то ба охир барои ҳаёти ду ҷабрдидаи ҳарбӣ мубориза бурданд, вале наҷот додани онҳо ғайриимкон буд.

Аз ҷониби фармондеҳӣ тамоми хизматчиёни ҳарбии русиягӣ ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод карда шудаанд.

Тавре зикр мегардад, нерӯҳои низомии артиши Сурия якҷо бо ҳайати мушовирони ҳарбии русиягӣ, ки ба он ҷанг фиристонида шуда буданд, ҳамларо ба худ қабул карданд. Дар рафти ҷанг, ки тақрибан як соат давом кард, низомиён 43 ҷангӣ ва 6 автомобили убури боло бо насби силоҳҳои калонмилро, нобуд сохтанд.

Қаблан раисҷумҳури ФР Владимир Путин эълом дошт, ки Русия тамоми корҳои аз дасташ меомадагиро ба анҷом хоҳад расонд, то гуфтугӯ дар робита ба мӯътадил гардидани вазъ дар Сурия баргузор шавад.

"Аммо зарур аст некбин бошем, бояд ба мӯътадилгардонии вазъ кӯшиш кунем ва пеш аз ҳама — бо роҳи сиёсӣ. Сулҳи дарозмуддатро барқарор кардан имкон надорад, агар дар дохили кишвар байни ҳамаи ҷонибҳои мухолифин мувофиқат пайдо нашавад. Ин боварии амиқи ман аст. Ва мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем то чунин муколамаи муҳим, пурмуҳтаво, мавзӯи ва боварибахш баргузор гардад", — гуфт Путин дар конфронси матбуотӣ пас аз мулоқот бо раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон.

Тибқи ақидаи раисҷумҳур, муноқишаи Сурия муддати тӯлонист, ки идома дорад ва сарчашмаҳои ин низоъро дар дохили кишвар ва берун аз он бояд ҷуст.

"Азбаски Сурия хеле масъалаи душвор асту ин муноқиша муддатҳост, ки идома дорад, решаҳои амиқ ва сарчашмаҳои онро чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он бояд ҷӯст, онҳо дар ину он ҷо реша давондаанд", — таъкид намуд раисҷумҳури ФР.

Вазифаи мубориза бо терроризм дар Сурия то ба охир ҳал нашудааст, ҳарчанд вазъи амният дар он ҷо беҳтар гардидааст, эълом дошт муовини роҳбари ВКХ ФР Михаил Богданов рӯзи панҷшанбе.

"Ин вазифа ҳанӯз комилан иҷро нашудааст, гарчанде ки муваффақиятҳо хеле зиёданд, ва сифати вазъ дар соҳаи амният низ беҳбуд ёфтааст, инро ҳама эътироф мекунанд, — чӣ дар минтақаи Димишқ, чӣ дар минтақаи Ҳалаб ва чӣ дар минтақаҳои дигар", — гуфт Богданов ба рӯзноманигорон дар ФИБП.

"Ин вазифа ҳанӯз то ба охир роҳи ҳалли худро наёфтааст, бино бар ин, формати остонавӣ кор мекунад", — илова намуд ӯ.

Муовини вазири хориҷаи ФР ба он ишора кард, ки ба ғайр аз давлатҳои кафолатдиҳанда, дар ин гуфтушунидҳо ҳамчунин намояндагони ҳукумати Сурия ва мухолифини мусаллаҳ иштирок мекунанд.

"Вазифаи асосӣ — ин қатъ намудани ҷанги бародаркушӣ дар Сурия ва мутамарказият кардани тамоми нерӯҳо дар робита ба бартараф намудани манбаи таҳдиди террористӣ мебошад", — таъкид кард муовини вазири умури хориҷаи Русия.

ФИБП-2018 дар шаҳри Санкт-Петербург аз 24-ум то 26-уми май баргузор шуд. ОИБ "Русия имрӯз" дар он ҳамчун шарики иттилоотии форум ҳузур дошт.

Барчаспҳо:
ҳалокати сарбозони рус, Сурия, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ