07:14 03 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
172 0 0

Ожонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон эълом доштааст, ки дар Русия ҳодисаҳои боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо маводи мухаддир 36 дар сад кам шудааст

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Раиси Ожонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Шерхон Салимзода хабар додааст, ки ҳалатҳои боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо маводи мухаддир дар хориҷ  33 дар сад, аз ҷумла дар Русия 36 дар сад кам шудааст.

Бино бар иттилои Ожонси назорати маводи нашъаовар, соли ҷорӣ тариқи роҳи оҳани қочоқи маводи мухаддир ба қайд гирифта нашудааст, аммо тариқи ҳавопаймо як ҳолат ошкор шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки шумораи нашъамандон дар Тоҷикистон дар 5 соли охир 4 дар сад ва дар соли ҷорӣ 3,1 фоиз қоҳиш ёфтааст.

Инчунин ба иттилои ожонс, ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигари зиёде вобаста ба маводи нашъаовар ошкор ва нисбати гунаҳкорон чораандеши карда шудааст.

"Дар якуним соли охир 14 гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва фаъолияти онҳо қатъ карда шуд. 41 нафар аъзоёни ин гурӯҳҳои муташаккил дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд" — таъкид кардааст манбаъ.

Барчаспҳо:
нашъаманд, дастгир шудан, нашъаовар, маводи мухаддир, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ