16:12 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Бозори Корвон баъди яке аз сӯхторҳо, акс аз бойгонӣ

Сӯхтор дар “Корвон”: гармӣ гунаҳкор

Sputnik
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
44110

Нисфирӯзи 14 июл дар “Корвон”, калонтарин бозори Тоҷикистон сӯхтор сар зад

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Тибқи иттилои шоҳидони ҳодиса сӯхтор дар пайи гармии шадид, худ ба худ сар зада асосан бастаҳои пахта оташ гирифтаанд. Манобеъ мегӯянд,  дастаи оташнишонҳо фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, аз паҳншавии сӯхтор ба нуқтаҳои дигари бозор ҷилавгирӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки “Корвон” дар гузашта чандин бор оташ гирифта садҳо тоҷир зарари калони моддӣ диданд. Дар пайи сӯхторҳои пай дар пай мақомоти Тоҷикистон дастаи махсуси оташнишониро дар “Корвон” ташкил доданд, то аз сӯхторҳои минбаъда саривақт ҷилавгирӣ кунад.

Мавзуъ

Бозаргонони "Корвон" мегӯянд, бозорро оташ задаанд
Барчаспҳо:
бозори "Корвон", сӯхтор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ