01:17 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
19800

Дар натиҷа, марди 50-солаи сокини деҳоти Шаҳраки Исфара ҷароҳати вазнин бардошта, ба бемористон бистарӣ шудааст

 ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар шаҳри Исфара бародаре ба бародаре корд зад, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 21-уми июли соли ҷорӣ, тахминан соати 15:50 дар ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара рух додааст.

Гуфта мешавад, марди 44-cола дар манзили истиқоматии бародари 50-солааш ҷанҷол карда, бо корд ду маротиба ба шиками ӯ задааст. 

Дар натиҷа, марди 50- сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
кордкашӣ, бародар, Исфара, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ