04:05 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Супориши Президент барои боздошти ҷинояткоре, ки 4 сайёҳро кушту 3 нафарро маҷруҳ кард

© Sputnik Амир Исаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Фоҷеаи садама ва куштори гардишгарон дар Данғара (8)
753042

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст ронандаи фирорие, ки дар роҳи Данғара чор сайёҳи хориҷиро кушту се нафарро маҷруҳ кард, ҳар чи зудтар дастгир карда шавад

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik.Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон  29 июли соли 2018, соати 15.30-дақиқа, велосипедронони хориҷӣ дар ҳайати 7 нафар дар минтақаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи ронандаи нақлиёти ба тафтишот номаълум пахш карда шудаанд. Ба иттилои манбаъ ронанда аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

ВУД афзуд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 3 сайёҳи хориҷӣ дар ҷои ҳодиса ва 1 нафар дар беморхонаи ноҳияи Данғара ба ҳалокат расиданд.

Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон  тамоми ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ барои дастгир кардани ҷинояткор сафарбар карда шудаанд.

"Дар ҷои ҳодиса гурӯҳи корӣ аз Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсус таъсис дода шуда, чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ барои кушодани ҷиноят идома дорад", — омадааст дар иттилоияи ВУД.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, фарзияи аввал, ин садамаи нақлиётӣ мебошад ва дигар фарзияҳо низ коркард шуда истодаанд.

Дар мавриди се сайёҳи дигари гуруҳ, мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки онҳо ҷароҳатҳои сабук бардошта, барояшон кӯмаки тиббӣ ва рӯҳӣ-равонӣ расонида шуда истодааст.

ВУД ахиран иттилоъ дод, ки шахсияти ҷинояткоронро муайян намуд ва амалиёт алайҳи онҳо дар мавзеи Торбулоқи Данғара ду кушта барҷой гузошт.

Тибқи иттилои ВУД дар мавзеи деҳаи Торбулоқи Данғара, шахсоне, ки дар ҷиноят даст доштаанд, муайян гардида, 1- нафар дастгир ва 2 нафар ҳангоми муқобилият намудан нобуд карда шуданд.

"Барои дастгир намудани дигар шарикони ҷинояткор чораҳо андешида шуда истодааст", — омадааст дар иттилоияи ВУД.

Мавзуҳо:
Фоҷеаи садама ва куштори гардишгарон дар Данғара (8)
Барчаспҳо:
садама, ҳалокат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ