11:37 20 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Оташнишонҳо, акс аз бойгонӣ

Боздошти се нафаре, ки мағозаро бо соҳибкори тоҷик оташ задаанд

© Sputnik / Сергей Аверин
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
274 0 0

Кумитаи тафтишотии вилояти Оренбург аз боздошти се муттаҳами 20 то 30 - сола хабар дод, ки дар оташ задани мағозаи пойафзол муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Тавре расонаҳои маҳаллӣ аз қавли Кумитаи тафтишотӣ хабар доданд, муттаҳамон ба ивази маблағ мағозаи "Планета одежда и обуви"-и шаҳри Гайро оташ задаанд. 

Ба иттилои тафтишот ду нафар аз боздоштшудагон шаби 11-уми июл тирезаи мағозаро шикаста, зарфҳои ҳомили сӯзишвориро ба дохили он партофтаанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, дар пайи хомӯш кардани оташ дар ҷои ҳодиса ҷасади шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон пайдо карда шуд, ки аз дуди заҳролуд ба ҳалокат расидааст.

Кумитаи тафтишотӣ таъкид кардааст, ки муттаҳамон гуноҳашонро иқрор кардаанд ва феълан таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.

Аз марҳум Умед Мирзоев ном бурда мешавад, ки зодаи ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон буда, тоза ин мағозаро дар шаҳри Гай ташкил карда будаст.

Барчаспҳо:
сӯхтор, ҳалокат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ