15:57 22 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Дучархаи сайёҳоне, ки 29 июл дар Данғара мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Фоҷеаи дигар дар маҳали қатли сайёҳон: ҳалокати кормандони мақомот ва 3 духтарча

© AP / Zuly Rahmatova
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2348 0 0

Дар деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсӯ, маҳали ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара фоҷиаи дигари маргбор рух додааст

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ, шоми 2-юми август,  Ғайбулло Ҷуразода, ронандаи 52-солаи  "КИА-Спортейдж", ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба сӯи Кӯлоб дар ҳудуди деҳаи Сафобахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 250-300-метр чаппа шудааст. 

"Дар натиҷа худи ронанда Ҷуразода ва мусофири автомашинаи мазкур Сангов Амирхон Нурмаҳмадович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", — омадааст дар иттилоияи ВУД.

Аз ҳалокшудагон кормандони мақомот ном бурда мешавад. Аз ҷумла Амирхон Сангов, корманди баландпояи мақомоти амният будааст, ки тоза дар шаҳри Кӯлоб ба вазифа таъин гардидааст.  

Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, бар асари як садамаи дигар низ, ки субҳи 3 август дар ноҳияи Данғара рух дод, се духтарчаи ноболиғ ҷон доданд.

ВУД хабар дод, ки Заробиддин Хидиров, ронандаи 22-солаи "Опел-Вектра",  ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Рахшонзамин ба самти деҳаи Ғиҷоваки ҷамоати деҳоти Пушинги Данғара, аз уҳдаи идора набаромада, ба мошини "ГАЗ-53 А", ки дар як самт ҳаракат мекардаанд, бархӯрдааст. Манбаъ мегӯяд, дар пайи бархӯрд "Опел" ба канали обгузар чаппа шудааст.

"Дар натиҷа, мусофирони ноболиғ — Умедова Мафтуна Ҳикматуллоевна, соли таваллудаш 2004, Исоева Басона Давлатмуродовна, соли таваллудаш 2008, Маҳмадиева Шаҳодат Фаруховна, соли таваллудаш 2006, сокинони ноҳияи Данғара ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", — хабар додааст ВУД.

Мақомоти умури дохилӣ изҳор доштаанд, ки ронанда дар беморхона бистарӣ гашта, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Барчаспҳо:
ҳалокати ноболиғон, Данғара, ҳамла ба сайёҳон, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ