Ҳукми зиндони Ниятбеков ва Ҳабибзода барои куштори зану кӯдак дар Шуғнон

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральная прокуратура РТ, архивное фото
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Некрӯз Ниятбеков ва Ҳабибзода Восеи Саъдуллоро барои куштор ва шабохуни мусаллаҳона ба хонаводаи Назридодовҳо, мутаносибан ба 28 ва 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон шабохуни мусаллаҳона, 6 октябри соли 2017 тахминан соати 03:00 дар ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон рух додаст.

Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУД: Некрӯз Ниятбеков дастгир шуд

"Ниятбеков Некрӯз Доробекович бо ниқоб рӯяшро пӯшонида, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Ҳабибзода Восеи Саъдулло ба манзили истиқоматии Назридодов Алидод Имомдодович, воқеъ дар деҳаи Миденшори ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон, ворид шуда бо силоҳи оташфишони тамғаи "ПМ" тирпарронӣ намуданд. Дар натиҷаи тирпарронӣ ҳамсари Назридодов Алидод, — Девлохова Оламгул Мирзоевна дар қисмати қафаси сина ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, наберааш Ниятбеков Амирҷон Далерович дар қисмати косахонаи сараш ҷароҳат бардошта, баъди 6 рӯз дар беморхона вафот кардааст", — омадааст дар иттилоияи Додситонии кул.

Манбаъ афзуд, ки Ниятбеков Некрӯз кирдори ҷинояткоронаи худро давом дода, бо тапонча ба косахонаи сари Назридодов Мубориз Алидодович зарба задааст.

Додситонии кул иттилоъ дод, пас аз он, ки Назридодов Мубориз  аз дасти Ниятбеков таппончара зада ғалтонидаст, Ҳабибзода Восеъ низ ҳамроҳ шуда, нисбати Назридодов аз зӯроварӣ истифода намудааст.

Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
ВКД ҷузъиёти ҷинояти Ниятбековро тавзеҳ дод

"Сипас Ниятбеков бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани оилаи Назридодовҳо ба хона норинҷакро партофтааст ва Назридодов Мубориз норинҷакро бардошта, аз тиреза берун партофтааст, ки он дар саҳни ҳавлӣ таркида, ба атрофиён зарар нарасонидааст", — изҳор дошт додситонӣ.

Бар асоси иттилоия Ниятбеков дар идома бо корд ду маротиба ба қафаси сина, аз пушт се маротиба ба мавзеи камари росту чапи Назридодов Мубориза ва боз ба бозуи дасти рости Назридодова Муқаддас Алидодовна зарбаҳо задааст, ки дар натида ба саломатии номбурдагон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

Додгоҳ муттаҳамонро дар одамкушӣ, бо бераҳмии махсус, аз ҳисиёти авбошй, истифодаи силоҳи оташфишон, вайрон намудани дахлнопазирии манзил, несту нобуд кардани амвол, шарикӣ дар ҷиноят гунаҳкор дониста Ниятбековро ба 28 соли зиндон ва Ҳабибзодаро ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст.

ВУД қаблан иттилоъ дода буд, Некрӯз Ниятбеков дар ин ҷиноят хушдоман ва кӯдаки бародари марҳумашро ба қатл расондааст ва баҳси онҳо сари хона будааст.

Лентаи хабарҳо
0