21:31 17 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Оташнишон ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор, акс аз бойгонӣ

Ҳалокати Қурбоновҳо дар пайи сӯхтори мошини ҳомили сӯзишворӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ

CC0 / Pixabay / skeeze
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
362 0 0

Дар пайи сӯхтори мошини ҳомили сӯзишворӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ ду нафар ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон,  ҳодиса тахминан соати 21:20-дақиқа дар ҳудуди мавзеи "Ҷоре"-и ноҳияи Айнӣ рух дод.

"Ронанда Қурбонов Қурбоналӣ, сокини 36-солаи шаҳри Леваканд, аз уҳдаи идораи "DAF", ки дар бордонаш 28747 литр сӯзишвории бензин ва 6253-литр сӯзишвории дизелӣ  доштааст, набаромада ба ҷӯйбори калони рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа, сӯзишворӣ ба замин рехта,  аз шарораи садама сӯхтор ба амал омадааст", — иттилоъ додааст ВУД.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар пайи ҳодиса худи ронанда ва мусофираш Қурбонов Қосим, 1992, сокини 26-солаи шаҳри Леваканд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

ВУД афзуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Барчаспҳо:
Айнӣ, Қурбоновҳо, ҳалокат, сӯхтор, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ