10:25 16 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.66
  • RUB0.14
Мерседес, акс аз бойгонӣ

Ҳалокати Тоҳирҷон зери чархи "мерседес"-и Матлюба Наҷмиддинова

© Sputnik Владимир Вяткин
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
708 0 0

Пиёдагард Тоҳирҷон Тоҳирови 59-сола шаби 12-уми сентябр дар роҳи маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik.Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ тахминан Матлюба Наҷмиддинова, ронандаи "Мерседес бенс" тақрибан соати 21:35 ҳангоми ҳаракат дар роҳи маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд, аз уҳдаи идораи мошинаш набаромада,  пиёдагард, Тоҳиров Тоҳирҷон, сокини 59-солаи ноҳияи Аштро зер кардааст.

"Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", — изҳор дошт манбаъ.

Инчунин 11-уми сентябр тахминан соати 10:30, Бузургмеҳр Мирзоҳамидов, ронандаи 34-солаи  "Опел-Астра", сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди "Душанбе-Айнӣ", дар ҳудуди ноҳияи Варзоб бо мошинаш ба дарё сарозер шудааст.

Дар натиҷа, ронанда Мирзоҳомидов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД афзуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Барчаспҳо:
Мерседес-Бенс, ронанда, пиёдагард, ҳалокат, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ