23:41 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Дучархаи шикаста, акс аз бойгонӣ

Ҷарроҳон натавонистаанд дучархаронро наҷот диҳанд

CC0 / Pixabay
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
124 0 0

Юсуфалӣ Ашӯров, дучархарони 58-сола, ки дар субҳи 27-уми август дар садама маҷруҳ шуда буд, ахиран дар пайи ҷарроҳӣ ҷон дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як моҳ баъди рух додани садама аз он хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ 27-уми августи соли 2018, тахминан соати 08:10 ронандаи “Опел-Астра”, Расулов Беҳрӯзҷон, сокини 33-солаи ноҳияи Фархор, дар роҳи ҷамоати деҳоти Деҳқонариқи шаҳри Кӯлоб дучархарон Ашуров Юсуфалиро зер кардааст.

“Дар натиҷа Ашуров Юсуфалӣ, соли таваллудаш 1960, сокини деҳаи Гулистони шаҳри Кӯлоб ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуд, аммо пас аз ҷарроҳӣ 5-уми сентябри соли 2018 ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ таъкид намудааст, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ