17:15 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
74 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷоко Видодо, раисиҷумҳури Индонезия барқияи тасаллият ирсол намуд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Видодо аз хабари заминларза ва сунамӣ дар шаҳри Палуи Индонезия ва ноҳияҳои атрофи он, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, изҳори андуҳ кардааст.

“Аз Шумо хоҳиш дорам, ки тасаллияти самимии моро ба мардуми дӯсти Индонезия бирасонед. Ба наздикону пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил ва барои тамоми осебдидагон шифои комил орзумандам”, - таъкид шудааст дар барқияи раисиҷумҳур.

Мақомоти Индонезия 29-уми сентябр гуфтанд, дар пайи заминларзаи шадид ва сунамӣ хонаи садҳо ҳазор нафар хароб шуда, наздики 500 нафар ҷон додаанд ва садҳои дигар феълан бедарак мебошанд.

Барчаспҳо:
барқияи тасаллият, сунамӣ, заминларза, Индонезия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ