17:33 25 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Зафар Саваров сотрудник ГАИ ОМВД Шахритуcа

Мушкилие надошт: худкушии Зафар Сафаров - корманди БДА дар Шаҳритӯс

© Одноклассники / Зафар Саваров
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
651 0 0

Ҷасади ин сокини ноҳияи Вахшро дар манзилаш зери дарахте овезон пайдо карданд. Хешовандони Сафаров мегӯянд, сабаби даст ба ҷони худ задани ӯро намедонанд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Зафар Сафаров, подполковники милиса, корманди 55-солаи БДА дар Шаҳритӯс худро ба дор овехтааст. Ҷасади ӯро субҳи 28 сентябр дар манзилаш дар ноҳияи Вахш  пайдо карданд.

Тавре хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба додситонии ноҳияи Вахш иттилоъ медиҳад, ҷасади Сафаровро пайвандонаш зери дарахте овезон пайдо кардаанд.

Тафтишот аз ҷониби додситонии ноҳия оғоз шуда, ҳоло марги Сафаров чун худкушӣ арзёбӣ мегардад. Ташхис муайян кардааст, ки дар ҷисми подполковник аломатҳои марги маҷбурӣ дида намешавад.

Хешовандони марҳум гуфтаанд, ки ӯ дар оила мушкилие надошт ва аз чизе шикоят намекард.

Зафар Сафароваи 55-сола соҳиби 8 фарзанд буд. Ӯ то замони худкушӣ дар БДА ШВУД Шаҳритӯс ба ҳайси инспектори бақайдгирии шӯъбаи имтиҳонот фаъолият доштааст.

Тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
худкушӣ, БДА, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ