22:40 17 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Мусофирбар, акс аз бойгонӣ

Узри дермонӣ аз дарс: 3 донишҷӯ дар нақлиёти Душанбе занро наҷот доданд

© Sputnik / Стас Этвеш
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
193750

Се донишҷӯ дар Душанбе – Искандар, Муниса ва Ҳилола рӯзи 29 октябр Любов Теплова, сокини пойтахтро наҷот додаанд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Любов Теплова мегӯяд, ҳодиса 29 октябр, тақрибан соати 12 дар нақлиёти мусофирбари рақами 18, ҳангоми ҳаракат аз тарафи бозори Саховат ба маркази шаҳр рух додааст.

“Дар автобус ба ман ҷой доданд ва ман дар нишастгоҳи пеш нишаста будам. Ногаҳон вазъи саломатиям бад шуд, ҳаво намерасид, нафасгир шудам. Танҳо тавонистам ҷаҳида, хоҳиши кӯмак намоём ва дар ҳоли азҳушравӣ будам. Дар лаҳзаҳои башумор ҷавонони савори нақлиёт фавран кӯмак расонданд ва ронанда дар пайи фарёди мусофирон зуд дарро кушод. Дар он лаҳзаҳо, ки мустақилона наметавонистам, нафас гирам, ҷавоне тариқи нафаси сунъӣ ба ман ҳаво дод”, - изҳор доштааст Теплова.

Ӯ дар гуруҳи фейсбукии “Мо тоҷикистониён” ба ин ҷавон, ки Искандар ном доштаасту донишҷӯи коллеҷи тиббӣ будааст ва ду донишҷӯи Донишгоҳи технологӣ  - Муниса ва Ҳилола, ки кӯмак расондаанду то хуб шудани вазъи саломатӣ ҳамроҳаш мондаанд, изҳори миннатдорӣ кардааст.

“Маълум аст, ки ин донишҷӯён имрӯз натавонистанд саривақт ба дарс ҳозир шаванд, аммо онҳо маро аз марг наҷот доданд. Ин ҷо ҳеч муболиға нест, ман он лаҳза умеди зинда монданро аз даст дода будам. Ташаккур ба се наҷотдиҳандаи ман, ба волидоне, ки онҳоро чунин меҳрубону хайрхоҳ тарбия кардаанд”, - навиштааст Теплова.

Барчаспҳо:
кӯмак, миннатдорӣ, нақлиёт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ