14:45 14 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.60
  • RUB0.14
Водитель за рулем автомобиля, архивное фото

Фирори ронанда пас аз садамаи маргбор дар кӯчаи Лоиқ Шералии Панҷакент

CC0 / Pixabay
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
180 0 0

Дар Панҷакент ронандаеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки пас аз садамаи маргбор аз ҷойи ҳодиса фирор кардаааст. Гуфта мешавад, дар пайи садамае, ко ҷурми ӯ рух дод, як сокини шаҳр ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Панҷакент ронандаи фирориеро пас аз садамаи маргбор дар кӯчаи Лоиқ Шералии шаҳр ҷустуҷӯ доранд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 30 октябр тақрибан соатҳои 23:30 рух додааст. Тамғаи мошин ва ҳувияти ронанда ба кормандони милиса то ҳол маълум нест.

"Ронанда дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ бехатарии роҳро таъмин накарда, пиёдагард Нуруллоев Ҷӯрабеки 39-соларо пахш карда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Дар натиҷаи ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштан пиёдагард Нуруллоев Ҷӯрабек, истиқоматкунандаи ҷамоати Лоиқ Шералӣ, деҳаи Гусар дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент вафот кардааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 212 ва 127-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ