Ҷузъиёти қатли Александраи 77-сола ва Венераи 30-сола дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

© SputnikЗдание МВД РТ, архивное фото
Здание МВД РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду ҳодисаи куштор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, ки дар як ҳолат ҳамсояи солхӯрда ва дар дигаре ҳамзисти ҷавон ҳадаф қарор гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, Рустам Сетторов, сокини 25-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иттиҳоми қатли ҳамсояаш  Александра Черноваи 77-сола боздошт гардидааст.

Водитель за рулем автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фирори ронанда пас аз садамаи маргбор дар кӯчаи Лоиқ Шералии Панҷакент

Манбаъ мегӯяд, ҷинояти мазкур дар заминаи интиқом сурат гирифтааст. Сетторов, ки қаблан 4 бор барои дуздию авбошӣ суд шудааст, замони ҳабс аз модараш дар мавриди зани ҳамсоя шикоят шунидааст ва баъди раҳоияш аз маҳбас ҳамсояи солхӯрдаро бо 24 зарби корд ба қатл расондааст. Манбаъ афзуд, ки муттаҳам  дар пайи бозгашти Чернова аз Русия  моҳи октябр меҳмони ӯ шуда,  “интиқом” гирифтааст.

“Барои аз ин хона холӣ наравам, атрофро кофтам. Аз ҳамён 800 сомонӣ ёфтам, гирифтам”, - изҳор дошт муттаҳам дар гузориши ВУД.

Ҳодисаи дигари куштор дар маҳаллаи Навбунёди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.

Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Марзбонони тоҷик беш аз 1 ҳазору 300 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар пайи дарёфти ҷасади Абдуллоева Венера Искендеровна, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Бӯстон, ҳодисаро таҳқиқ карда, муттаҳам дар ин ҷиноят, ҳамзисти зани кушташуда  -  Мадаминов Зафар, сокини 38-солаи шаҳри Гулистонро боздошт кардаанд.  

Манбаъ афзуд, ки муттаҳам ва марҳум ду моҳи охир ҳамзистӣ карда, ба майзадагӣ ва зиндагии хиёбонӣ майл доштаанд.  

Мадаминов дар шарҳи ин ҷинояташ изҳор доштааст, ки ҳамзисташ нисбати волидони ӯ беэҳтиромӣ карда, бо як марди дигар ба ӯ хиёнат намудааст.

 “Ба Венера гуфтам, ки боз нӯшидӣ? Падару модари ман чӣ мегӯянд? Ӯ гуфт, ки ман туф кардаам ба падару модарат”, - шарҳ дод Мадаминов дар гузориши ВУД.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрванди фирории Русия 3 сол дар Тоҷикистон пинҳон шудааст

ВУД афзуд, ки дар рӯзи куштор ҳамзистон дар назди бозори Панҷшанбе вохӯрда, барои аёдати як шиноси Венера Абдуллоева ба маҳаллаи Навбунёди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омадаанд.

Дар ин ҷо дар заминаи рашк миёни онҳо ҷанҷол сар зада, бо латукӯб ва қатл тариқи буғӣ кардан анҷомид, хабар додааст раёсати ВКД дар Суғд.  

“Венера гуфт, ки бо Рашид ҳамхоба шудам ва боз ҳам ин корро мекунам”, - изҳор дошт Мадаминов дар гузориши нашркардаи ВКД.

Манбаъ афзуд, ки феълан алайҳи муттаҳамон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.  

Лентаи хабарҳо
0