03:39 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Кормандони милиса дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Маблағи ширкати букмекерии “Формула-55”-ро дар Душанбе дуздидаанд

© Sputnik / Амир Исаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
180801

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ширкати букмекерии “Формула-55” дар шаҳри Душанбе ҳадафи дуздон қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, феълан бо иттиҳоми дуздӣ 4 сокини пойтахт, мардони 22, 23, 26, ва 23-сола боздошт гардидаанд.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, боздоштшудагон шаби 7 ба 8-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 02:00 панҷараи тирезаи бинои марбут ба ширкати букмекерии “Формула-55”-ро шикаста, аз дохили сандуқи оҳанини он 9 ҳазору 463 сомониро дуздидаанд.

Манбаъ афзуд, бинои “Формула-55” дар кӯчаи Н.Муҳаммад ҷойгир шуда, ба соҳибкори 31-сола, сокини кӯчаи Деҳлавии пойтахт тааллуқ дорад.

ВУД афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ