11:12 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Нозири роҳ, акс аз бойгонӣ

Пировҳо – зану кӯдак, зери “Опел” монданд

© Sputnik / Илья Питалев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
688 0 0

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Абдуҳамид Холов, ронандаи “Опел-Астра” дар ноҳияи Рӯдакӣ зану кӯдакро зер кардааст

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, садамаи маргбор 9-уми ноябр, тахминан соати 20:00 рух дод.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра, Холов Абдуҳамид, сокини 32-солаи шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри мазкур ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Пирова Тоҷиниссо Ҳалимовна, соли таваллудаш 1960 ва ноболиғ Пиров Манучеҳр, хонандаи синфи 1-уми МТМУ №55-ро пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа Пирова Тоҷиниссо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

“Ноболиғ, Пиров Манучеҳр ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст”, - илова намуд ВУД.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз зиёд будани садамаҳои маргбор дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, феҳрасти 23 шаҳру навоҳии серсадамаю пурқурбониро пешниҳод кард, ки Рӯдакӣ, Ҳисор ва Душанбе аз ҷумлаи онҳо мебошанд.  

Мавзӯъҳои асосӣ