21:32 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Роҳ дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Марг дар пеши хона: донишҷӯи “Лексус”-савор ҷавонзанро дар маркази Душанбе зер кард

© Sputnik / Стас Этвеш
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
762 0 0

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар маркази Душанбе хабар доданд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, садама  12-уми ноябр, тахминан соати 19:30 рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-НХ”, Каттахонов Ғолибшоҳи 19-сола, донишҷӯи соли 2-юми Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи И.Сомонӣ ба самти кӯчаи С.Носирии пойтахт, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Танзаева Нарима Рашидовна, соли таваллудаш 1987, сокини кӯчаи Ҳофизи Шерозиро пахш намудааст”, - иттилоъ додааст ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ВУД таъкид намуд, ки феълан ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ