23:00 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Муттаҳамони боздоштшуда дар муноқишаи гуруҳӣ дар Душанбе

Кордзании гуруҳии донишҷӯёни донишгоҳҳои муътабари Тоҷикистон дар Душанбе

© УМВД по городу Душанбе
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
408 0 0

Мақомоти милиса аз боздошти як гуруҳи аксаран донишҷӯёни донишгоҳҳои муътабари Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 26-уми октябр дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ бо корду санг занозании гуруҳӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, муайян карда шуд, ки зимни муноқишаи ду гуруҳи ҷавонон, шаҳрванд Азамов Сайраҳмон бо корд бо як бераҳмии махсус ба қафаси синаи Абдуллоев Абдулло ва Зуҳуров Худобахш зарба зада, ба онҳо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

“Дар идомаи муноқиша ва ҳамлаи ҷавобӣ худи шаҳрванд Азамов Сайраҳмон бо зарби корд ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки муноқишаи мазкур бо даъвати яке аз иштирокчиёни он сар зада, дар натиҷа 7 нафар ҷавон маҳбасӣ гардиданд.

РВУД дар феҳрасти боздоштшудагон 7 нафарро ном бурд, ки аксаран донишҷӯянд:

Абдуллоев Абдуллои 21-сола, донишҷӯи курси 4-уми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Қурбоналиев Ханҷари 21-сола, донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, Мирзоев Ҳамза, сокини 21-солаи Душанбе, донишҷӯи курси 2 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Шарипов Фирӯз, сокини 21-солаи пойтахт, хатмкардаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе, Абдураҳмонов Беҳрӯзи 21-сола, донишҷӯи курси 2 факултети Иқтисоди ҷаҳонии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон, Зуҳуров Худобахш ва Азамов Сайраҳмон, сокини 19-солаи Душанбе аз ҷумлаи муттаҳамон дар ин ҷиноят номбар гардиданд.

Гӯшт, акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Евгения Новоженина

РВУД дар Душанбе илова намуд, ки феълан алайҳи боздоштшудагон бо иттиҳоми авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, кофтукоби дастандаркорони дигари муноқиша идома дорад.

Кофтукоби иштирокдорони дигари муноқиша дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон 10 ноябр дар мулоқот бо кормандони милиса аз задухӯрдҳои гурӯҳии наврасону ҷавонон изҳори ташвиш карда, камбудии мақомоти тафтишотиро гуфт.

“Вале дар ҷараёни тафтиши чунин парвандаҳо мақомоти тафтишотӣ на ҳамаи иштирокчиёни ҷиноятро муайян ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд, ки ин ҳолат боиси аз ҷавобгарӣ дур мондани ҷинояткорон ва аз нав ба ҷиноятҳои вазнин даст задани онҳо мегардад. Боиси нигаронист, ки бо вуҷуди барои наврасону ҷавонон фароҳам овардани тамоми шароиту имкониятҳои муосир ҷиҳати таҳсил, истироҳату фароғат, ҳунар омӯхтану ба варзиш машғул шудан содиршавии ҷиноят ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб аз тарафи онҳо ҳоло ҳам идома дорад”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур мақомоти кишварро муваззаф намуд, ки дар ҳамкорӣ бо волидон ва муассисаҳои таълимӣ мубориза алайҳи ин навъи ҷинояткориро пурзӯр намоянд.  

 

Мавзӯъҳои асосӣ