ВУД аз ҳалокати пирамарди 69-сола зери чархи "Мерседес"-и Эраҷ хабар дод

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар пайи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, ки бо ҷурми ронанда сурат гирифтааст, мутаассифона як марди 69-сола ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯдакӣ пиёдагарди 69-солае зери чархи мошин монда, мутаассифона дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расид, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса субҳи 20-уми ноябр сурат гирифта, ронандаи "Мерседес" аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромадааст.

"Рӯзи 20-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 05:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер”, Султонов Эраҷ Сайдмуродович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Наботов Аъзам Назарович, соли таваллудаш 1949, сокини Душанберо пахш намудааст", - омадааст дар хабари ВУД.

Аъзам Наботов дар роҳ ба бемористон дар пайи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ҳалок шудааст.

Таҳқиқи ҳодиса дорад.

Лентаи хабарҳо
0