13:55 16 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Нож, архивное фото

Гулмира ҳамсари бародарашро бо чанд зарбаи корд кушт

CC0 / Mr Seb / The diary of a psychopath, day 2
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
419 0 0

Сабаби муноқиша бадбинӣ будааст. Гулмира ин дафъа ҳангоми радду бадал бо янгааш корди хоҷагиро гирифта, ба бадани охирон чанд маротиба задааст

ДУШАНБЕ, 01 дек — Sputnik. Дар шаҳри Истаравшан муноқишаи оилавӣ бо куштор анҷом ёфт, хабар медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, 18 майи соли равон Хоҷаева Гулмира дар манзили истиқоматии падараш, воқеъ дар деҳаи Боғикалони шаҳри Истаравшан бо ҳамсари бародараш Хоҷаева Гулшода, муноқиша мекунад.

Гуфта мешавад, сабаби муноқиша хусумат ва бадбинӣ будааст.

Дар натиҷа Гулмира қасдан бо корди хоҷагии дар дасташ буда ба узвҳои бадани Гулшода зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

Дар натиҷа ҳамсари бародари зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

"Вобаста ба ин ҳолат аз ҷониби прокуратурам шаҳри Истаравшан нисбати Хоҷева Гулмира бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Гулмира Хоҷаева бо хукми додгоҳ ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ