13:52 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Болғаи додгоҳ, акс аз бойгонӣ

Даҳ соли зиндони ду сокини Ҳисор барои ситондани 1345 сомонӣ ҳангоми мастӣ

© Sputnik / Максим Богодвид
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
171 0 0

Додгоҳи шаҳри Ҳисор, Алиҷон Резбонов ва Баҳромиддин Кабутов, сокинони шаҳри мазкурро дар роҳзанӣ гунаҳкор дониста, барои 5 солӣ равонаи зиндони низомаш пурзӯр кардааст

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, маҳкумшудагон 4 августи соли равон, тахминан соати 1:30 дар ҳолати мастӣ даст ба роҳзанӣ задаанд.

Манбаъ гуфт, афроди номбурда  дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор, дар назди чойхонаи Баҳор, шаҳрванд Насриддинов Ф.-ро латукӯб намуда, Резбонов бо зӯроварӣ аз кисаи шими ҷабрдида 200 сомонӣ ва Кабутов 1145  сомониро гирифтаанд.

Бар асоси иттилоияи додситонӣ, кормандони милиса худи ҳамон шаб Резбоновро дастгир карда, аз дасташ 200 сомонии ғораткардаашро гирифтаанд.

Додгоҳи Ҳисор Резбонов ва Кабутовро бар асоси моддаи 248, қисми 2 бандҳои "б,в,г" –и Кодекси ҷиноӣ гунаҳгор дониста,  ба муҳлати 5 солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ