13:19 16 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Ҳабс, акс аз бойгонӣ

Боздошти ду ҷавон ба иттиҳоми силсилаи дуздиҳо дар Душанбе

CC0 / Pixabay
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Маъмурини милисаи ноҳияи Сино аз боздошти ду сокини шаҳри Душанбе – ҷавонони 17 ва 19 -сола иттилоъ доданд, ки дар силсилаи дуздиҳо дар пойтахт айбдор мешаванд

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, боздоштшудаҳо – Алиҷон Ализода ва Сайёди Рустам бо шикастани панҷараи тирезаи хонаҳои истиқоматии сокинони пойтахт, маблағ ва ашёи гуногунро медуздидаанд.

“Аз ҷумла шаби 28-уми августи соли ҷорӣ ба ҳамин тарз ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Шарипова Гулша,  воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гардида, бо шикастани сандуқи оҳанин аз дохилаш 5-ҳазор сомонӣ, 1500-долари амрикоӣ ва ба миқдори 5700-долари амрикоӣ ҷавоҳироти тиллоиро ба яғмо бурдаанд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки инчунин дастгиршудагон 23-юми октябр бо шикастани панҷараи тиреза вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Самадов Баҳодур воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоев гардида, аз он ҷо ду адад телефони мобилӣ ва як адад планшету дигар ашёҳои арзишнокро дуздидаанд.

Мақомоти умури дохилӣ афзуданд, ки даст доштани боздоштшудаҳоро дар ҳолатҳои дигари дуздӣ дар пойтахт таҳқиқ хоҳанд кард.

Манбаъ таъкид кард, ки феълан ҷавонони дастгиршуда дар ҳабс буда, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми дуздӣ алайҳи онҳо идома дорад.

Барчаспҳо:
парванда, боздошт, дуздӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ