22:15 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Ветеран Великой Отечественной войны

Дар Душанбе пирамарди 82-солаи русро лату кӯб карда, медалҳояшро ғорат карданд

© Sputnik / Александр Кондратюк
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
810 0 0

Ду сокини пойтахт вориди манзили пирамард гашта, 2000-сомонӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, 2-адад медалҳои ифтихорӣ ва 1-адад таҷҳизоти гармидиҳиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар Душанбе пирамарди 82-солаеро ғорат карда, медал ва дигар амволашро ғорат карданд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 8 декабр дар кӯчаи Раҳимови пойтахт рух додааст: ду сокини пойтахт - марди марди 33-сола, ки пештар ба ҷавобгари ҷиноӣ кашида шуда будааст бо марди 29-солаи сокини Душанбе вориди манзили пирамарди 82-сола, миллаташ рус гардида, ӯро аввал лату кӯб ва сипас ғорат кардаанд.

"Номбурдагон, санаи 8-уми декабри соли 2018, тахминан соати 11:30-дақиқа, ба хонаи истиқоматии марди рустабори 82-солаи сокини кӯчаи К.Раҳимови пойтахт ворид шуда, ӯро лату кӯб намуда, аз хонааш 2000-сомонӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, 2-адад медалҳои ифтихорӣ ва 1-адад таҷҳизоти гармидиҳиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 2 ҳазору 600-сомониро ташкил медиҳад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбарон дастгир гардиданд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ