12:00 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Мужчина показывает разбитый кулак, архивное фото

Ҷанҷоли марговар: сокини Бохтар марди 42-солаеро то мурдан зад

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
185 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон тавзеҳ намедиҳад, ки ду тан бо кадом сабаб ҷанҷол кардаанд, аммо яке дигареро чунон задааст, ки ахирон дар бемористон ба ҳалокат мерасад

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Бохтар ҷанҷоли ду мард боиси кушта шудани яке аз онҳо гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, 13 декабр, тахминан соатҳои 13:30 як сокини шаҳр дар кӯчаи Наврӯз бо марди 42-сола, сокини ноҳияи Вахш ҷанҷол намуда, ӯро сахт латукӯб кардааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнин бардошта дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Ба иттиҳоми даст доштан дар ин қазия сокини Бохтар, марди 32-сола, ки пештар ду маротиба бо моддаи 244 (дуздӣ) Кодески ҷиноии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир гардидааст.

Тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ