09:29 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Авария на трассе Р-22 Тамбов - Волгоград - Астрахань

Садамаҳои нохуши нақлиётии як рӯзи ахир: ҳалокати кӯдаки 5-сола ва зани шахсияташ номаълум

© Пресс-служба УМВД России по Астраханской области
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
195 0 0

Дар пайи ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дар шимол ва ҷанбуи Тоҷикистон дар як рӯзи ахир ду нафар - кудак ва зан ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаҳои нохши нақлиётии рӯзи 13 декабр хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар пайи садама дар як рӯзи ахир дар шимолу ҷанбуди Тоҷикистон ду нафар ба ҳалокат расидаанд.

Чунончӣ, 13-уми декабри соли 2018, тахминан соатҳои 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Портер”, Ғайратов Маҳмадисо Тополонович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Лахш, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Пилдони болои ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол, Юсуфзода Сумаяи Маҳмадато, соли таваллудаш 2013, сокини деҳаи мазкурро пахш намудааст.

"Дар натиҷа, хурдсол Юсуфзода С.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад", - менависад ВУД.

Ҳамчунин, ҳамон рӯз, тахминан соатҳои 02:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Холматов Бахтиёр Абдувалиевич, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Б.Ғафуров-Унҷӣ” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, зани шахсияташ номаълумро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди шахсияташ номаълум ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Барои муайян намудани шахсияти пиёдагард чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ