21:18 19 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Мошини Мерседес, акс аз бойгонӣ

Парванда дар Соли нав: меҳмони маст “мерседес”-и соҳибхонаро бурдааст

© Sputnik / Владимир Вяткин
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
418 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 38-сола, сокини шаҳри Бӯстон хабар дод, ки дар ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. ВУД мегӯяд, боздоштшуда ҳадафи тасарруфи автомобилро надоштааст ва рӯзи таҷлили Соли нав баъди меҳмонӣ “мерседес” – и соҳибхонаро ҳай карда бурдааст.

“Номбурда, санаи 1-уми январи соли 2019, тахминан соати 14:30-дақиқа, ба хонаи истиқоматии марди 46-солаи сокини шаҳри Бӯстон омада, баъди истеъмол намудани хӯроки нисфирӯзӣ ва машрубот, ғайриқонунӣ, бидуни хоҳиши соҳибхона, автомашинаи шахсиаш тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро аз назди бинои истиқоматиаш ҳай карда бурдааст”,- омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки мошин аз ҳудуди шаҳри Бӯстон дарёфт карда шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи муттаҳам идома дорад. муттаҳам , номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 252 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ