11:54 23 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Систернаи оҳанин, акс аз бойгонӣ

Дуздии “систерна”-и оҳанини 20-тоннагӣ аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ

© Sputnik / Михаил Мокрушин
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
154 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 40-сола иттилоъ дод, ки дар дуздии “систерна”‑и ғунҷоишаш 20 тонна муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Хуросон, марди 28-сола, сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат карда, арз доштааст, ки 16-уми декабри соли 2018, шахсони номаълум аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар ноҳияи Хуросон  1 “систерна”-ашро дуздидаанд.

Манбаъ арзиши ин зарфи оҳанини 20-тоннагиро 20 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст.

ВУД мегӯяд, дар пайи корҳои ҷустуҷӯӣ муттаҳами 40-сола, сокини ноҳияи Шаҳринав боздошт гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ